Уфти рекордии евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Дар Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷӣ ба таври рекордӣ поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули русӣ тайи беш аз як моҳ дар ҳоли устувор қарор доштаву аврупоӣ бошад, дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз якбора чанд зина поин рафт.
Тибқи иттилои БМТ, дар Тоҷикистон имрӯз қурби як евро 13.5104 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.7538 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Арзиши 1 рубли русӣ бошад, барои имрӯз 0.1563 сомонӣ нишон дода шудааст.
Рубли русӣ, аз аввали соли ҷорӣ, ки дар ҳудуди 150 қарор дошт, моҳи апрел якбора аз он нишондиҳанда поин омад, аммо сар аз моҳи май устувориро нишон медиҳад.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,3200 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
График рубля на стене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Иқтисоддон гуфт, кадом омилҳо ба таҳкими рубл кумак хоҳанд кард
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.5104 то 13.8500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1563 то 0.1580 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала