20 рӯзи охир дар беморхона буд: Вазорат дар бораи даргузашти муовини вазир

© facebook/Вазорати фарҳанги ТоҷикистонҚурбоналӣ Абдураҳимзода, ноиби вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки аз такрори бемории шуш даргузашт
Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ноиби вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки аз такрори бемории шуш даргузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ноиби роҳбари ин ниҳод паёми таслият нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як паёми таслият изҳор доштааст, ки Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ноиби вазири фарҳанги ҷумҳурӣ 20 рӯзи охир дар беморхона бистарӣ буд.
Вазорат ба наздикону пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ карда, марҳумро аз беҳтарин инсонҳо охондааст.
Вазорат расман иттилоъ надодааст, аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ки Қурбоналӣ Абдураҳимзода, дар синни 57 – солагӣ аз хуруҷи дигарбораи маризии “вируси корона” даргузашт. Ӯ расо як сол қабл 18 июн муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури фарҳанг, ҳуқуқ ва илм таъйин шуда буд.
Хабарро дар вазорати фарҳанг ва муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский”, ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд.
“Қурбоналӣ Абдураҳимзода тақрибан ду ҳафта қабл дар шифохонаи “Якум Советский” бо иттифоқи ҳамсару писараш бистарӣ шуд. Ӯ ҳанӯз моҳи майи соли гузашта дар айни хуруҷи “вируси корона” ба ин маризӣ печида, ба саломат онро паси сар карда буд. Ин дафъа дарди шуши ӯ, ки дуруст сиҳат наёфта буд, бар асари нӯшидани оби хунук дигарбора хуруҷ кард ва ӯро ба шифохона овард”, - гуфт як манбаъ.
Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор, китобшиноси тоҷик, номзади илмҳои таърих, 20 ноябри соли 1964 дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1982) ва Донишкадаи давлатии маданияти Маскав (1988) аст.
Молодые люди в Парке Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Вирусолог гуфт, ки чӣ гуна гармӣ ба паҳншавии коронавирус таъсир мерасонад
Дар оғоз ӯ омӯзгори кафедраи библиографияшиносии факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, баъдтар мудири шӯъбаи Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ва корманди созмони хориҷии CARE International буд.
Аз соли 2009 то 2020 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва директори генералии "Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон"-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон кор карда, 18-уми июни соли 2020 бо муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури фарҳанг, ҳуқуқ ва илм таъйин шуда буд.
Ӯ дар риштаи библиография беш аз 300 мақола, 15 маҷмӯаи соҳавӣ ва 13 асари илмӣ навишта, яке аз мутахассисони камшумори соҳа ба ҳисоб мерафт.
Лентаи хабарҳо
0