Маоши баҳсбарангези Сурайё Қосимова: Агентии зидди коррупсия ӯро ҷарима баст

© Аз саҳифаи Сурайё Қосимова дар ИнстаграмҲунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Обуна шудан
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сурайё Қосимова, овозхони шинохтаи кишварро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Агентии зидди фасоди Тоҷикистон Сурайё Қосимоваро дар он айбдор кардааст, ки дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ намекунад, аммо аз идораи фарҳанг моҳона мегирад, хабар додааст нашрияи “Пайк”. Манбаъ афзуд, ки овозхон ин ҷаримаро пардохт намуд.
Дар матлаби нашркардаи “Пайк” аз ҷаримабандӣ шудани примадоннаи тоҷик интиқод шуда, таъкид гардидааст, ки Сурайё барои бахши фарҳанги минтақа хизматҳои зиёд мекунад.
Пулод Шаропов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2020
"Ҳаёти ман аст": ҳамсари ҷавони Сурайё Қосимова аз мардум хост, ӯро ба ҳолаш гузоранд
Манбаъ аз қавли Аловуддин Абдуллоев, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар бораи хизматҳои Сурайё навиштааст, ки “дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии минтақа, шаҳр ва вилоят ҳозир аст. Хоҳ рӯзи модар бошад, хоҳ ҷашни Истиқлолият, хоҳ Наврӯз Сурайё Қосимова ҳозир асту аз сидқи дил хизмат мекунад”.
Абдураҳим Одинаев, мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, изҳор доштааст, ки Сурайё Қосимоваро дар ҳар чорабиние, ки даъват мекунанд, бе ягон чунучаро қабул мекунад.
“Дар ҳоле, ки дигар ҳунармандон барои иштирок дар як чорабинӣ то 10 000 сомонӣ талаб мекунанд. Апаи Сурайё бо ҳама ҳунари волояш аз ҳисоби худ меояд ва бепул хизмат мекунад. Мо аз он кас миннатдорем. Моҳонаи каме, ки дар инҷо мегирифт маҳз барои ҳамин хизматҳояш буд”, - гуфтаст Одинаев.
Дар матлаб аз ҷаримабандии овозхони шинохта интиқод шуда, таъкид гардидааст, хизматҳою ҳунарнамоиҳое, ки Сурайё Қосимова дар маъракаҳои фарҳангии минтақа мекунад, арзиши ба маротиб бештар аз маоши гирифтааш доранд.
Лентаи хабарҳо
0