Эмомалӣ Раҳмон Гутерришро бо интихоби дуборааш ба мақоми дабири кулли СММ шодбош гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид паёми шодбошӣ фиристод
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон Антониу Гутерришро бо интихоби дигарборааш ба мақоми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид шодбош гуфт.

"Мутмаинам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбиву ҳирфавии шумо минбаъд ҳам ба баланд бардоштани мақому манзалати Созмони Милали Муттаҳид, такмили минбаъдаи абзорҳои фаъолияти он, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин татбиқи ҳадафҳои рушди умум хидмат хоҳанд кард", - изҳор доштаст Раҳмон дар паёмаш ба Гутерриш.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Тоҷикистон барои идомаи самарабахши ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи умум ба манзури расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои Созмони Милали Муттаҳид омода мебошад.
"Ба Шумо саломатии комилу саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва дар пешбурди минбаъдаи ваколатҳои пурмасъулиятатон муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам", - омадааст дар поёни паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Мирьяна Сполярич Эггер, помощник генерального секретаря ООН и директор Регионального Бюро Программы развития ООН (ПРООН) по Европе и СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Директори минтақавии Барномаҳои рушди СММ ба Тоҷикистон меояд
Маҷмаи Умумии СММ Антониу Гутерришро дигарбора ба муҳлати аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 дабири кулли ин созмон интихоб кардааст.
Гутерриш ягона номзад ба мақоми дабири кулл буд. Бори аввал ӯ 1 январи соли 2017 ба ин мансаб таъйин шуда буд. Дабири кулл ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.
Гутерреш нӯҳумин дабири кулли СММ аст. Нахустин дабири кулли ин ташкилоти ҷаҳонӣ Трюгве Ли (Норвегия) буд. Пас аз ӯ ба ин вазифа Даг Хаммершелд (Шветсия), У Тан (Мянма), Курт Валдхайм (Австрия), Хавер Перес де Куэляр (Перу), Бутрос Бутрос-Гали (Миср), Кофи Аннан (Гана), Пан Ги Мун (Кореяи Ҷанубӣ) интихоб шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала