Овозаҳои фирори Дӯстуму захмӣ шудани писараш ва ба хориҷа интиқол ёфтани онҳо

Маршал Абдул-Рашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Бархе манобеъ аз захмӣ шудани маршал Абдурашид Дӯстум ва писараш Ёрмуҳаммад Дӯстум дар майдони ҷанг бо Толибон суҳбат мекунанд, аммо наздикони онҳо ин хабарҳоро инкор мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Як манбаъ дар шаҳри Маймана, маркази маъмурии вилояти Форёб, яке аз пойгоҳҳои маршал Дӯстум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бино ба шоеъоте, ки дар шаҳр вуҷуд дорад, ду рӯзи қабл маршал Дӯстум аз сӯи ду чархболи низомӣ аз шаҳри Шибирғон ба Тошканд ва аз он ҷо ба Туркия интиқол ёфтааст.
“Яке аз фарзияҳо ин аст, ки маризии қанди маршал баланду бесубот шудааст ва эҳтимоли ба “вируси корона” печидани ӯ ҳам ҳаст. Фарзияи дигар ин аст, ки ӯ дар майдони ҷанг захм бардоштааст. Аз ӯ пештар писараш сарҳанг Ёрмуҳаммад низ дар ҷанг бо Толибон захмӣ шуда, ба шаҳри Тошканд интиқол ёфта буд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, наздикони маршал Дӯстум мегӯянд, ӯ воқеан тариқи чархболҳои вазорати дифоъи Афғонистон ба шаҳри Тошканд ва аз он ҷо ба Туркия интиқол ёфтааст.
Башир Аҳмад Таянҷ, вазири кору умури иҷтимоии Афғонистон, яке аз наздикони Дӯстум, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маршал барои ширкат дар Форуми дипломатияи Анталия рафтааст.
“Ин хабарҳо сиҳат надоранд. Он қадар ки ман хабар дорам, ҷаноби маршал бо иттифоқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ, Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷӣ ва Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Ҷамъияти исломӣ ба ин нишаст расман аз сӯи ҳукумати Туркия даъват шудаанд.”, - гуфт Башир Аҳмад Таянҷ.
Тибқи иттилое, ки дар сомонаи расмии Форум омадааст, ин нишаст дирӯз, 18 июн, дар шаҳри Анталияи Туркия бо ширкати раҳбарони кишварҳо, сарвазирон, вазирони умури хориҷа ва намояндагони созмонҳои минтақаиву байнулмилалӣ, олимон, коршиносон ва намояндагони доираҳои тиҷораии беш аз 50 кишвар шуруъ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар руйхати ширкаткунандагон номҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳаниф Атмар дида мешавад, аммо зикре аз маршал Дӯстуму Салоҳуддин Раббонӣ нарафтааст.
Маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, раҳбари билоивази ӯзбекҳову туркманҳо ва яке аз чеҳраҳои таъсиргузор дар сиёсатҳои имрӯзи Афғонистон аст.
Глава Министерство обороны Афганистана Бисмиллахан Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
“Наҷотдиҳанда”: Бисмиллоҳхон - вазири дифоъи Афғонистон
Як моҳи ахир ӯ мустақим бо нерӯҳои худ дар вилоятҳои таҳти нуфузаш Форёб, Ҷузҷон ва Сарипул, ки ҳоло ба доғтарин ҷабҳаҳои ҷанг табдил ёфтаанд, бо нерӯҳои Толибон меҷангид.
Тибқи иттилое, ки аз Афғонистон мерасад, ҳоло аз 15 вулусволии ин вилояти Форёб 8 – тояш пурра суқут карда, эҳтимоли ба дасти Толибон гузаштани маркази он – шаҳри Маймана низ вуҷуд дорад.
Дар вилоятҳои ҳамҷавори он – Ҷузҷон ва Сарипул низ ҷангҳои шадид идома доранд ва бархе аз вулусволиҳо ба дасти Толибон суқут кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала