Гурӯҳи қаллобон 10 ҳазор муҳоҷирро ғайриқонунӣ ба Русия овардаанд

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузаштан ба хазинаи аксПосадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Қаллобон шартномаҳои қалбакии меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳоро дар бораи супоридани имтиҳонҳо аз забони русӣ, қонунгузорӣ ва таърихи Федератсияи Русия ба муҳоҷирон додаанд
ДУШАНБЕ, 19 июн Sputnik. Беш аз 10 ҳазор муҳоҷирро ғайриқонунӣ ба вилояти Челябинск овардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати маҳаллии ВКД-и Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи қаллобон иборат аз 15 нафар ба интиқоли ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ машғул буданд.
Гуфта мешавад, даҳ нафари онҳо иҷрокунанда буда, панҷ нафар ба ҳайси роҳбар амал мекарданд.
Манбаъ мегӯяд, қаллобон шаҳрвандонеро меҷустанд, ки муҳоҷиронро бо манзил таъмин мекарданд, шартномаҳои қалбакии меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳо оид ба супоридани имтиҳонҳо аз забони русӣ, қонунгузорӣ ва таърихи Русияро омода мекарданд.
В вагоне-ресторане поезда Москва-Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
То миёнаҳои моҳи июл: Русия мехоҳад муҳоҷиронро бо қатора биёрад
Кормандони Кумитаи тафтишот таъкид карданд, ки ҷинояткорон барои дарёфти маблағ аз ҳисоби мукофотпулӣ фаъолият мекарданд.
Қаблан ВКД аз коҳиши шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия давоми соли 2020 хабар дода буд.
Ҳамин тариқ, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд, нисбат ба соли 2019 тақрибан ду маротиба кам шудааст.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта 40,9 ҳазор қонуншикании марбут ба фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии муҳоҷирон дар Федератсияи Русия, кашф карда шуд.
Экспресс-тестирование на COVID-19 в аэропорту Внуково - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия: аз кай ва чӣ гуна?
Ёдовар мешавем, ки 15 июн Русия давраи имтиёз барои шаҳрвандони хориҷиро, ки моҳи апрели соли 2020 дар робита бо пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда буд, ба поён расонд.
Тибқи фармони президенти кишвар Владимир Путин, муҳоҷирон метавонистанд дар қаламрави Федератсияи Русия то вақти муайяншуда бидуни сабти ном иқомат кунанд.
16 июн як санади нав ба ҳукми иҷро даромад, ки ба хориҷиёне, ки қонуншиканӣ накардаанд, барои қонунигардонии будубоши худ дар Русия то 30 сентябр имкон медҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала