Аз такрори COVID-19: даргузашти муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Обуна шудан
Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури фарҳанг, ҳуқуқ ва илм дар синни 57 – солагӣ аз хуруҷи дигарбораи маризии “вируси корона” даргузашт
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Ин хабарро дар вазорати фарҳанг ва муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский”, ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд.
“Қурбоналӣ Абдураҳимзода тақрибан ду ҳафта қабл дар шифохонаи “Якум Советский” бо иттифоқи ҳамсару писараш бистарӣ шуд. Ӯ ҳанӯз моҳи майи соли гузашта дар айни хуруҷи “вируси корона” ба ин маризӣ печида, ба саломат онро паси сар карда буд. Ин дафъа дарди шуши ӯ, ки дуруст сиҳат наёфта буд, бар асари нӯшидани оби хунук дигарбора хуруҷ кард ва ӯро ба шифохона овард”, - гуфт як манбаъ.
Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор, китобшиноси тоҷик, номзади илмҳои таърих, 20 ноябри соли 1964 дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1982) ва Донишкадаи давлатии маданияти Маскав (1988) аст.
Дар оғоз ӯ омӯзгори кафедраи библиографияшиносии факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, баъдтар мудири шӯъбаи Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ва корманди созмони хориҷии CARE International буд.
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон COVID-19 ҳаст ё не: посухи сухангӯи Вазорати тандурустӣ
Аз соли 2009 то 2020 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва директори генералии "Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон"-и вазорати фарҳанги Тоҷикистон кор карда, 18-уми июни соли 2020 бо муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури фарҳанг, ҳуқуқ ва илм таъйин шудааст.
Ӯ дар риштаи библиография беш аз 300 мақола, 15 маҷмӯаи соҳавӣ ва 13 асари илмӣ навишта, яке аз мутахассисони камшумори соҳа ба ҳисоб мерафт. Ҷанозаи имрӯз дар ноҳияи Ёвон ба хок супурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0