Чӣ қадар замини Тоҷикистон бекор хобидааст?

© Пресс-служба президента РТПосадка картофеля в Согдийской области
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Обуна шудан
Агар кишоварз заминашро дар ду сол дуруст истифода набарад, он ба тавозуни шаҳр мегузарад ё ба деҳқони дигар дода мешавад
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Азизмамад Каримзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар ҷумҳурӣ наздик ба 5 ҳазор гектар бекор хобидаанд.
Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумони Тоҷикистон, зимни ҷаласаи ахири парлумон аз Каримзода дар мавриди хунукназарии хоҷагидорон ва масоҳати заминҳои бекорхобида пурсид. Ӯ зикр намуд, ки дар мамлакат зиёда аз 200 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд ва нисбати онҳое, ки заминро дуруст истифода намебаранд, чӣ чораҳо татбиқ мегардад.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо мақомдорони навтаъин дар додгоҳҳо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Парлумон пазируфт: салоҳияти нави Ҳукумат барои бозпас гирифтани заминҳои додааш
Азизмамад Каримзода посух дод, ки самаранок истифода бурдани заминро мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳӣ назорат мекунанд.
“Агар хоҷагии деҳқонӣ дар муддати ду сол заминро истифода набарад, он ба Фонди шаҳр ва ё ноҳия гирифта шуда ё ба дигар хоҷагии деҳқонӣ дода мешавад”, - навиштааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Каримзода.
Манбаъ афзуд, ки ибтидои соли 2000-ум дар кишвар заминҳои бекорхобида 30 000 гектарро ташкил медод. Ҳоло ин рақам ба 4900 гектар баробар аст, изҳор дошт муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон.
Ӯ илова намуд, ки аз сабаби дуруст фаъолият накардани насосҳои обкашӣ алҳол дар ҷумҳурӣ 21 000 гектар замине, ки бояд обёрӣ мешуданд, ҳамчун замини лалмӣ истифода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишвари камзамин ба шумор рафта, солҳои охир барои таъмини ниёзи худ ба маҳсулоти кишоварзӣ аз деҳқонун даъват карда мешавад, ки ҳар ваҷаб заминро истифода баранд ва мувофиқи имкон ду – се ҳосилӣ рӯёнанд.
Лентаи хабарҳо
0