Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Беш аз 800 қирғизистонӣ дар ҳолати вазнин қарор доранд: омори нав

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар Қирғизистон тақрибан 7000 нафар гирифтори сирояти коронавирус мебошанд. Аксари онҳо дар хона табобат мегиранд
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Имрӯзҳо дар беморхонаҳои Қирғизистон 2375 нафар аз сирояти коронавирус табобат мегиранд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ.
Танҳо 20 нафари онҳо дар ҳолати қаноатбахш, 1547 нафар дар ҳолати миёна, 709 бемор дар ҳолати вахим ва 99 нафарашон дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор доранд.
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Собянин дар бораи навъи хатарноки коронавирус гуфт
Ҳамзамон, 4611 нафар шаҳрвандони Қирғизистон бо коронавирус дар хона табобат мегиранд.
Ёдрас мешавем, ки дар Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамоно сироятёбӣ аз вируси корона дар ҳоли афзоиш аст.
Дар ин росто аз 1 июл дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ аз ҷумла тӯйи арӯсӣ манъ карда шудааст.
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Афзоиши якбораи гирифторони COVID дар пойтахти Қазоқистон
Пештар ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус аз шаҳрвандони Қирғизистон даъват кард, то ба шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва вилоятҳои Чӯйю Ӯш сафар накунанд.
Дар Қирғизистон тирамоҳ навъи вазнини COVID пайдо мешавад - шарҳи вазир
Ҳамчунин, Вазорати тандурустии ин кишвар аз мавҷи сеюми вируси корона хабар доду гуфт, эҳтимол аст тирамоҳ дар Қирғизистон вируси шадидтаре пайдо шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала