Ҳушдори Вазорати корҳои хориҷии Русия аз сафар ба Афғонистон

© Александр ХроленкоКабульские мальчишки
Кабульские мальчишки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Вазорати корҳои хориҷии Русия аз ҳамватанон қатъиян даъват мекунад, ки аз сафар ба Афғонистон худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия ба шаҳрвандонаш аз сафар ба Афғонистон ҳушдор дод.
"Мо қатъиян тавсия медиҳем, ки шаҳрвандони Русия аз сафар ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади сайёҳат худдорӣ кунанд", - гуфта мешавад дар паём.
Ин тасмим ба афзоиши ташаннуҷ дар минтақа вобаста аст.
Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ медиҳад, ки ин ҳушдор дар робита ба фаъолияти созмонҳои террористӣ, вазъи бади ҷинояткорӣ дар шаҳрҳо, инчунин тамоюли ҷангиён ба рабудани хориҷиён барои фидя, нашр шудааст.
Ҷаласаи аъзои Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 таҳти раёсати Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар робита ба вазъи Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Ҳушдорҳои Файзов дар ҷаласаи амниятӣ: агар ҷангҷӯён марзро шикананд? – акс
Бояд гуфт, ки бисёр кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз ташаннуҷи вазъи Афғонистон дар робита бо хуруҷи нерӯҳои ИМА нигаронанд.
Ба гуфти аксари коршиносон, чунин вазъ, баҳонае барои тасарруфи қудрат дар кишвар аз ҷониби "Толибон" - (Созмони манъшуда дар Русия ва Тоҷикистон), регрессия дар кишвар ва тақвияти гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ дар минтақа хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала