Коршинос гуфт, чӣ тавр бояд дуруст истироҳат кард

© PixabayПалатки в горах
Палатки в горах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Обуна шудан
Пизишк гуфт, таътилро бояд чӣ гуна гузаронид, то истироҳат хуб гузарад
ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Дар рухсатӣ шумо бояд реҷаи муқаррарии бедорӣ ва истироҳатро риоя кунед, то ҳангоми ба кор рафтан худро хаста эҳсос накунед, гуфт Андрей Тяжелников, сармутахассиси кумаки аввалияи санитарии калонсолони Раёсати тандурустии Маскав дар суҳбат бо РИА Новости.
Се моҳи тобистон вақти анъанавӣ аст, ки аксари мардум ба таътил мебароянд.
"Таътил имкони беҳбуди саломатӣ аст. Хоби мувофиқ, ғизои мутавозин шарти сиҳатшавӣ мебошад. Ғайр аз ин, агар шумо аз реҷаи маъмулӣ бароед, сафари бозгашт дарозтар хоҳад шуд ва зимни бозгашт ба кор худро бад эҳсос хоҳед кард", - гуфт ӯ.
"Бояд реҷаи замони корро дар даври истироҳат риоя кард", - афзуд коршинос.
Печенье с кофе в новый год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Маҳсулоте, ки истеъмолашон бо кофе ба саломатӣ хатар дорад
Тибқи таҳқиқоте, ки қаблан нашр шуда буд, русҳо имсол нияти сафар ба хориҷаро надоранд.
Мавсими харобшудаи сайёҳӣ: Аврупо миллиардҳо доллари гардишгарони русро аз даст дод
Тобистони имсол сеяки ҳамватанон ният доранд, таътилро асосан дар ҳудуди кишвар ё дар деҳот гузаронанд.
Лентаи хабарҳо
0