Маҳсулоте, ки истеъмолашон бо кофе ба саломатӣ хатар дорад

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / Top view, stars and round cookies with a cup of coffeeПеченье с кофе в новый год
Печенье с кофе в новый год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Обуна шудан
Коршинос гуфт, нӯшидани қаҳва бо маҳсулоти номувофиқ метавонад, саломатии инсонро якбора бад кунад
ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Мутахассиси оид ба кам кардани вазн Павел Исанбоев дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки нғшидани қаҳва бо кадом маҳсулот мувофиқ нест ва ин ба чӣ оқибатҳо дошта метавонад.
Коршинос тавзеҳ дод, ки қаҳва антиинутриентҳо дорад - моддаҳое, ки ба азхудкунии витаминҳо халал мерасонанд.
Чашка кофе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2017
Чанд финҷон қаҳва бояд нӯшид, то умр дароз шавад
Коршинос маслиҳат дод, ки қаҳваро миёни истеъмоли хӯроки асосӣ нӯшанд.
Чои гарм боиси касалии саратон мешавад?
Исанбоев афзуд, ки қаҳва аксар вақт бо шириниҳо нӯшида мешавад, аммо ин нодуруст аст.
"Вақте сухан дар бораи қаҳва бо ширинӣ меравад, сатҳи глюкоза аз ҳад зиёд баланд мешавад ва сипас якбора паст мешавад. Дар ин ҳол метавонад, гипогликемия рух диҳад", - гуфт коршинос.
Павел Исанбоев афзуд, ки ҷаҳиши глюкоза дар бадан метавонад инсонро ба беҳолӣ, чарх задани сар ва ҳатто таъсири куллан баръакси қаҳва - хоболудӣ оварда расонад.
Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад
Лентаи хабарҳо
0