Чаро пас аз сафари Мирзиёев, дар Андиҷон дарахтонро аз бех карданд - посухи ҳокимият

© Sputnik / Алексей ДаничевОсень, архивное фото
Осень, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда, ки нишон медиҳад, чӣ гуна дар вилояти Андиҷон пас аз сафари президент дарахтони ороишӣ аз бех карда мешаванд.
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Рӯзи ҷумъа, 18 июн, Шавкат Мирзиёев бо сафари дурӯза ба вилояти Андиҷон рафт ва ахиран ба Тошканд баргашт.
Рӯзи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ як наворе паҳн шуд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна мошинҳои махсус дар ҷое дарахтони ороиширо аз бех карда ва ҷое мебаранд, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Бисёре аз аҳолии шаҳр гуфтанд, ки ин ба сабаби ба охир расидани сафари президент аст, аммо ҳукумати вилояти Андиҷон ин маълумотро рад кард.
Маъмурият фаҳмонд, ки навор лаҳзаеро сабт кардааст, ки мақомоти шаҳр корҳои ободониро анҷом медиҳанд.

"Бо мақсади осеб нарасондан ба гулҳо дар ҷараёни кабудизоркунӣ, дарахтонро бо истифода аз мошин як муддат ба ҷои сояафкан кӯчонанд", - гуфтанд дар ҳокимият.

Корҳои ободонӣ дар қитъаи 50-метрӣ дар роҳ гузаронида шуданд. Бо тавсияи экологҳо барои парвариши минбаъдаи ниҳолҳо шароити зарурии агротехникӣ фароҳам оварда шуд.
Флешкаро нахӯрд, аммо танбеҳ гирифт: дар Самарқанд қазияи наворбардориро шарҳ доданд
Дар айни замон, дарахтони ороишӣ аллакай ба ҷои худ баргардонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала