Баъди марги ҳамсар: ситораи варзиши Ҳиндустон аз коронавирус даргузашт

© AFP 2021 / ARUN SANKARМедицинский персонал в одной из больниц Индии
Медицинский персонал в одной из больниц Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Ҳамагӣ як моҳ пеш ӯ ва ҳамсараш баъди ташхиси коронавирус ба бемористон бистарӣ шуда буданд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Милко Сингх-устураи варзиши Ҳинд, ки бо номи Сигхи паранда ҳам машҳур буд, баъди панҷ рӯзи даргузашти ҳамсараш аз коронавирус дар синни 91-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Зану шавҳар ба иллати мубтало шудан ба вируси корона дар бемористон бистарӣ буданд ва панҷ рӯз пеш ҳамсараш даргузашт ва ҳоло худи ӯ низ аз олам рафт, гузориш медиҳад вебгоҳи КҲФ дар истинод ба расонаҳои Ҳиндустон.
Милко Сингх дар ҷавонӣ, ҳангоми хидмат дар сафи артиши Ҳинд ба ин варзиш муаррифӣ шуд. Вай танҳо варзишкори ҳиндӣ буд, ки муваффақ ба дарёфти медали тилло шуда буд.
Женщина в мобильном пункте сдачи теста на коронавирус в Хайдарабаде, Индия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Ҳиндустон навъи нави коронавирус пайдо шуд
Сингх Ҳиндро дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр дар бозиҳои Олимпиадаи Мелбурн намояндагӣ кард, вале натавонист ба финал расад. Соли 1958 вай дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр дар бозиҳои миллии Ҳинд дар Каттак рекорд гузошт ва дар бозиҳои Осиёӣ дар Токио боз ҳам дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр пирӯз шуд.
Комёбиҳои варзишии Сингх боис шуд, ки аз сипуӣ (анг. Sepoy – унвоне буд, ки ба сарбозони ҳиндӣ дода мешуд. Ин истилоҳ ва унвони низомӣ имрӯз ҳам дар артиши Ҳинд, неруҳои заминии Покистон, Непал ва Бангландеш вуҷуд дорад) ба афсари хурд гузашт.
Дар Ҳиндустон навзодро барои духтар буданаш ба дарё андохтанд: тифл наҷот ёфт
Ҳамзамон вай сарвари шуъбаи варзиши Вазорати мудофиаи иёлоти Панҷоб таъин шуда буд. Соли 1958 вай сазовору шоистаи чорумин мукофоти шаҳрвандии Падмо Шри (чаҳорумин ҷоизаи бузурги давлатӣ, ки тавассути давлати Ҳинд ба афроди ғайринизомӣ эъто мешавад) гашт ва соли 2001 ба ҷоизаи Арджуна барои дастовардҳои варзишӣ пешбарӣ шуд, вале ӯ аз гирифтани ин ҷоиза даст кашид.
Вай ҳамаи ордену медалҳои варзишии худро ба бойгонии миллат супурд. Онҳоро аввал дар варзишгоҳи ба номи Ҷовоҳирирлаъл Неру дар Деҳлӣ ва баъдан ба осорхонаи варзиши Патиал супурданд. Соли 2013 бо шарикмуаллифии духтараш Сония китоби тарҷумаиҳолии худро нашр кард.
Жители Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Фаврӣ: дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Миёнаҳои солҳои 1950 ҳангоми зидмати ҳарбӣ дар Сейлон бо ҳамсари ояндаи худ, ки ӯ низ варзишкор ва сарвари тими варзиши волейболи бонувон буд, шинос шуд ва соли 1962 ақди никоҳ бастанд. То охирин лаҳзаҳои умр бо ҳамон ишқи ҷавонӣ канори ҳам зистанд, соҳиби се духтар ва як писар шуданд.
Соли 1999 онҳо писарбачаи ҳафтсолаеро, ки падараш дар ҷанги Каргил (миёни Ҳинд ва Покистон) кушта шуда буд, ба фарзандхондагӣ қабул карданд.
21-уми майи соли равон Милко Сингх ва ҳамсараш бо ташхиси COVID-19 бистарӣ шуданд Нирмал Каур – ҳамсари ӯ рӯзи 13 июн фавтид ва баъди 5 рӯз, 18 июн Милко низ аз олам рафт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала