Бархӯрди ду автобус бо 62 кӯдак дар Кубан

© Sputnik / Максим БогодвидАвтомобиль реанимации
Автомобиль реанимации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Сонеҳаи нақлиётӣ ба иллати аз кор мондани дастгоҳи боздорандаи яке аз автобусҳо сар задааст
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар шоҳроҳи ноҳияи Туапсини Кубан ду автобус ба ҳам бархӯрдааст, ки дар натиҷа 15 кӯдак ва як ронанда ҷароҳатдор ва ба бемористон интиқол дода шуданд, менависад РИА Новости.
Манбаъ меафзояд, дохили ҳар ду автобус кӯдакон қарор доштанд ва ҳоло вазъияти ҳамаи онҳо хуб арзёбӣ мешавад.
"Дар роҳи мошингарди Джубга - Сочӣ бархӯрди ду автобус, ки мусофирони он ҳама кӯдакон будаанд, рух дод. Дар натиҷаи бархӯрд дар яке аз автобусҳо сӯхтор сар зад", - менависад РИА новости бо истинод ба Хадамоти фаврӣ.
Зимнан, Вазорати фавқулода мегӯяд, фалокат бинобар аз кор мондани тормоз дар яке аз автобусҳо рух додааст.
Такси в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Садамаи маргбор дар Петербург: ронандаи тоҷикистонӣ шарикашро пас аз садама корд зад
Наворе, ки шоҳидон аз ҷои ҳодиса нашр кардаанд, нишон медиҳад, ки наҷотбахшон оташро зуд хомӯш намуданд.
"Кӯдакон аз урдугоҳи дар деҳаи Олгинка ба Краснодар бармегаштанд", - гуфтанд хадамоти изтирорӣ.
Дар ҷои ҳодиса 25 нафар ва нӯҳ таҷҳизот ҷалб карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0