Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Домулло Абдураҳмон даргузашт: наздиконаш мегӯянд, аз коронавирус фавтид

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Наздикони домулло Абдураҳмон иллати марги ӯро бемории коронавирус гуфтанд. Дар ҳоле, ки Вазорати тандурустӣ аз набуди ин вирус дар Тоҷикистон мегӯяд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Абдураҳмон Боқизода, домулло ва рӯҳонии маъруфи тоҷик дар синни 62 - солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.
Хабари даргузашти ин рӯҳониро, Олим Сафолов дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намуд.
Ба навиштаи ин хабарнигор, домулло рӯзи 20 июн фавтид ва иллати марги ӯ коронавирус аст.
"Дар муқобили беморие, ки айни замон аксари мардуми сайёра бар зидди он мубориза мебаранд, танҳо ду ҳафта истодагарӣ карду халос", - навиштааст.
Ҷанозаи рӯҳонӣ дар зодбуми ӯ деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд ва дар маросими ҷаноза раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ ширкат варзид.
Ӯ аснои суханронӣ аз домулло як шахси хоксор, ҳалим, меҳрубон, донишманд ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тавсиф кардааст.
Марги домулло Абдураҳмон аз маризии коронавирус дар ҳолест, ки Вазорати беҳдошти кишвар расман мавҷуд будани ин вирусро қатъиян рад мекунад.
Курьер передает клиенту пакет с едой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Карантин ва таъкиди Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон коронавирус нест
Аммо дар расонаҳои дохилӣ ва ҳамзамон шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо дар мавриди буруз кардани ин вирус дар ҷумҳурӣ баланд аст.
Чанде қабл сухангӯи Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон аз бемор шудани шумораи зиёди одамон гуфт, вале таъкид намуд, ки ҳамаи онҳо на маризи коронавирус, балки ба илтиҳоби шуш гирифторанд.
Ӯ сабаби якбора бемор шудани даҳҳо нафарро ба гармии тоқатфарсо ва истеъмоли барзиёди яхмосу оби хунук рабт дода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала