Ҳалокати дучарсавор зери чархи “Опел-Астра”

CC0 / Pxhere / Велосипед на тропинке, архивное фото
Велосипед на тропинке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Дучархасавор, ки дар канори рости роҳ ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда, боиси маргаш шуд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дучархасавори 53-сола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар пайи як садама ҳалок шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино ба иттилои пешакӣ, аз уҳдаи идораи худрав набаромадани ронанда, боиси садамаи маргбор гардидааст.
Такси в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Садамаи маргбор дар Петербург: ронандаи тоҷикистонӣ шарикашро пас аз садама корд зад
Гуфта мешавад, ҳодиса дирӯз 20-уми июни тахминан соати 15:30 рух дод.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 35-сола, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа дучархарон, марди 53-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фрунзеро, ки дар канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Яке пиёдаву дигарҳо савор: се садамаи маргбори ду рӯзи ахир
Дар натиҷа, дучархасавор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0