Насби таҷҳизоти беш аз 30 миллиондолларии Чин дар гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон - акс

© котиботи Хадамоти гумруки ТоҷикистонДастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст
Дастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Чин барои муҷаҳҳаз кардани дидбонгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон бо арзиши даҳҳо миллион доллар таҷҳизот кумак кардааст
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, воситаҳои техникии назорати гумрукӣ соли 2020 ҳамчун кумак аз ҷониби Чин ворид карда шуданд, вале бо сабаби авҷ гирифтани пандемияи COVID-19 насби онҳо мавқуф гузошта шуд.
Манбаъ афзуд, ки пас аз як каме ба эътидол омадани вазъ, сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ мутахассисони чинӣ ба хотири ҷобаҷогузорӣ ва омӯзонидани тарзи истифодабарии онҳо ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
© котиботи Хадамоти гумруки ТоҷикистонДастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст
Дастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Дастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст
“Айни ҳол таҷҳизоти мазкур дар дидбонгоҳҳои муайяншуда васл гардида, пурра ба фаъолият оғоз намудаанд, ки ин имкон фароҳам меорад, то барасмиятдарории гумрукӣ содда гардонида шуда, вақти баррасмиятдарории гумрукӣ кам гардад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ зикр намудааст, ки мубодилаи ёддоштҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар мавриди пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ ҳанӯз октябри соли 2018 ба имзо расида буд.
© котиботи Хадамоти гумруки ТоҷикистонДастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст
Дастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Дастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст
Хадамоти гумрук тавзеҳ дод, ки пешниҳоди воситаҳои техникии назорати гумрукӣ аз 8 номгӯй иборат буда, маблағи он 210 миллиону 840 ҳазор юан ва ё 31 миллиону 5 ҳазору 882 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, чораҳои андешидашуда дар ин самт имконият фароҳам меорад, сабти молу воситаҳои нақлиёт саривақт бо сифати баланд анҷом дода шавад ва аз интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот ҷилавгирӣ гардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала