Нигаронии мақомоти шаҳри Хуҷанд аз номҳои бегона дар пештоқи мағозаҳо

© Sputnik / Амир ИсаевОчередь в магазин за прохладными напитками, архивное фото
Очередь в магазин за прохладными напитками, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Мақомоит шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки соҳибмулкони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дағалона меъёрҳои Қонуни забонро вайрон намуда, номгузориро бо забони ғайритоҷикӣ идома додаанд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ахиран дар Мақомоти шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он мақомот аз номгузориҳои бегона дар пештоқи мағозаҳо аз ҷониби соҳибкорон изҳори нигаронӣ карданд, иттилоъ додааст шаҳрдории Хуҷанд.
Дар ҷаласа мазкур муовини Раиси шаҳр Фирўза Нуруллозода қайд кард, ки дар кори комиссия 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Аз ҷумла, пешниҳодоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар самти татбиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” бахусус ҳолати номгузории нуқтаҳои савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, - зикр намудааст манбаъ.
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Кумитаи забон овозаҳои баргардондани "ы", "ц", "щ" ба алифбои тоҷикиро рад кард
Таъкид шудааст, ки бо вуҷуди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби аъзои Комиссияи то ҳол бе мувофиқаи роҳбарияти шаҳр ва Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” насб намудани номҳои бегона дар пештоқи мағозаҳо боиси нигаронӣ гардидааст, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷуброни хароҷоти бартарафкунии қонқнвайронкунӣ ба зиммаи худи ширкатҳо вогузор карда мешавад.
“Мутаассифона то ҳол баъзе аз соҳибмулкони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дағалона меъёрҳои моддаи 18, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон”-ро вайрон намуда, номгузориро бо забони ғайритоҷикӣ гузошта истодаанд”, - зикр намудааст манбаъ.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур ҳайати Комиссия аризаи як қатор шаҳрвандонро доир ба номгузории мағозаву нуқтаҳои савдо мавриди баррасӣ қарор дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала