Боди шадид ва тӯфони чангу ғубор: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксСильный ветер в Москве, архивное фото
Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Ҳавои Тоҷикистон имрӯз ноустувор хоҳад шуд. Ҷойе борон ба барф табдил меёбаду ҷойе боди шадид мевазад
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар қисмати шарқии ин вилоят ҳатто боридани барф низ дар назар аст. Бод аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад.
Дамои ҳаво дар шарқи вилоят рузона 9+14 дараҷа гарм ва шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарб бошад рӯзона 23+28 ва шабона 8+13 дараҷа ҳаво гарм хоҳад шуд.
Ҳавои вилояти Суғд ҳам ноустувор аст. Боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Вазиши бод дар як сония 25-25 метр хоҳад шуд. Дамои ҳаво бошад рӯзона 29+34 ва шабона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Рекорд: Маскавро гармои тоқатфарсо фаро гирифт
Дар вилояти Хатлон боридани борон дар назар нест. Аммо вазиши боди шадид дар як сония то 20-25 метр мерасад. Рӯзона ҳаво 36+41 ва шабона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст. Раъду барқ, чангу ғубор ва вазиши шамоли сахт пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала