Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ба номи Косанов

© PixabayБег, архивное фото
Бег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Тими Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук аз 30-юмин мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири Гусман Косанов, 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мегӯяд, варзишгарони тоҷик 30-юмин мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Гусман Косановро бо панҷ медал ҷамъбаст намуданд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур имсол дар сатҳи нав - Continental Tour Bronze Label, рӯзҳои 19-20 июн дар Алмаатои бо иштироки беш аз 200 варзишгари 13 давлат баргузор шуд. Дар мусобиқа варзишкорони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Малдив, Малайзия, Эрон, Миср, Афғонистон, Туркманистон, Шри-Ланка, Қатар, Тоҷикистон ва Нидерланд зӯрозмоӣ карданд.
Мусобиқаи ҳендбол дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Пирӯзии тими Душанбе дар сабқати ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол
Кумита афзуд, ки дар ҳайати Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7,46 метр сазовори медали тилло шуд. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.75 сония медали биринҷӣ гирифтааст.
Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаворис Музрапов, Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов, Григорий Дерепаскин дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.29 сония медали нуқраро соҳиб шуд.
Варзишгари дигар Абдурауф Мусоев дар партоби гулула бо натиҷаи 11.46 метр ва гурзандозӣ бо натиҷаи 63.79 метр ду медали биринҷӣ ба даст овард, навиштааст Кумита.
Таъкид шудааст, ки ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд, ки барои ҷои аввал 300 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 200 доллар ва барои ҷои сеюм 100 доллари ИМА - ро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0