Пирӯзии тими Душанбе дар сабқати ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол

© котиботи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонМусобиқаи ҳендбол дар Тоҷикистон
Мусобиқаи ҳендбол дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба ҳендбол баргузор шуд.
Манбаъ аз қавли раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон, Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, афзуд, ки дар мусобиқа 7 даста – Душанбе -1, Душанбе - 2, ШНТМ -1, ШНТМ - 2, Хатлон - 1, ВМКБ ва Суғд ширкат карданд. Тимҳои мазкур тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сабқат дастаи Душанбе - 2 бо гирифтани 12 хол ҷои аввалро сазовор шуд. Тими ВМКБ бо 10 хол ҷои дуюм, Душанбе - 1 бо 8 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Медали биринҷии Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалии “Taekwondo Beirut Open”   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Шомаҳмадов дар "Taekwondo Beirut Open" медали биринҷӣ гирифт
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад.
Дар доираи ин барнома, бархе аз мусобиқаҳо аллакай баргузор шуда, рӯзҳои 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ доир мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0