Қарори Маҷлиси миллӣ барои тағйири ҷойномҳо дар Суғд ва ноҳияҳои Нурободу Сангвор

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйири бархе аз ҷойномҳоро дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ пешниҳоди Ҳукумат барои тағйири ҷойномҳоро қабул кард.
Тибқи иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, пешниҳодҳои Ҳукумат дар хусуси иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор тасдиқ гардиданд.
Бар асоси қарори Ҳукумат, ки ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуда буд, дар шаҳри Исфара номи ҷамоати Шаҳрак ба Зумрад иваз карда шуда, деҳаҳои Чорқишлоқ -Чордеҳ ва Матпарӣ - Моҳпарӣ ном гирифтанд.
Дар шаҳри Истаравшан деҳаи Ҳавотоғи ҷамоати Ниҷонӣ ба Шодобдеҳ ва Ҷарқӯрғони ҷамоати Зарҳалол ба Куҳандиж иваз шуданд.
Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Номҳои нав: қарори Ҳукумат барои тағйири номҳо дар Данғара, Фархор ва Ҷ.Балхӣ
Дар шаҳри Конибодом ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов номи Фирӯзоба ва ҷамоати Эргаш Шарифов номи Куҳандиёрро гирифтанд.
Дар Панҷакент номи деҳаи Қумсойи ҷамоати Сӯҷина ба Соҳил, Пушти қӯрғони ҷамоати Моғиён ба Пуштакуҳ, Авазалии ҷамоати Саразм ба Шоҳгузар, Соҳибназар ба Шоҳканд, Абдусамад ба Самадобод ва Раҷабалӣ ба Раҷабобод иваз шуданд.
Дар ноҳияи Зафаробод маҳаллаи Ҳамид Алиев ба Суғдиён ва деҳаи Ҷомӣ ба Сомониён табдили ном кард.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳаҳои Котмаи ҷамоати Ғозиён номи Шоҳиён, Хилватқӯрғони ҷамоати Ёва – Қалъаманор, Аждарлии ҷамоати Исмоил – Ориён, Янгуқӯрғони ҷамоати Ҳайдар Усмонов – Деҳсор ва Қӯрғонча номи Куҳандеҳро гирифт.
Дар ноҳияи Ашт деҳаи Сарқамиши ҷамоати Ифтихор ба Сарсабз ва деҳаи Қароқазони ҷамоати Меҳробод ба Чоҳи Исфаҳон иваз шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала