Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои навашро табрик кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмона
Президент Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба кишвардори тозаинтихоби Эрон комёбӣ ва ба мардумони ин кишвар сулҳу субот орзу намуд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои нави худ Сайид Иброҳим Раисиро шодбош кард.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон унвонии Сайид Иброҳим Раисӣ бинобар такя задан ба курсии раёсатҷумҳурии он кишвар барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Дар барқияи шодбошӣ Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз арзишҳои фарҳангиву таърихии ба ҳам пайванди Тоҷикистону Эронро қайд намуд.
Зимнан, роҳбари давлат изҳор доштааст, ки хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байниТоҷикистону Эрон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона аст.
Выборы президента в Иране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Эрон президенти навашро интихоб кард: ӯ кист?
Ба президенти тозаинтихоб, Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандӣ таманно кард ва дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақият хост.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи табрикоти худ ба мардуми Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзунро орзу намуд.
Интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Иброҳим Раисӣ 62% овозҳоро ба даст овард ва президенти Эрон эълон гардид.
Дар интихобот 48,8% аҳолӣ ширкат варзиданд, ки камтарин шумора дар интихоботи президентӣ пас аз эълони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1979 мебошад.
Иброҳим Раисӣ дар интихобот тақрибан 62% овозҳоро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0