Бразилия бори сеюм қаҳрамони футбол дар ҷаҳон шуд: рӯзи 21 июн дар таърих

© Sputnik День 20 июн нац
День 20 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Бисту якуми июн Рӯзи байналмилалии йога ва Рӯзи ҷаҳонии варзиши скейтбординг буда, дар Русия — Рӯзи кинологҳо ва дар Дания ва Гренландия — Рӯзи миллӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 21 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1804 химики англис Смитсон Теннант ҳисоботи ду фулузоти навро бо номи иридия ва осмия дар назди Ҷамъияти шоҳигарии Британияи Кабир муаррифӣ намуд.
Соли 1907 Агентии иттилоотии Америка Юнайтед Пресс Интернэшнл (ЮПИ) таъсис ёфт.
Соли 1942 дар Исроил гармтарин рӯз ба қайд гирифта шудааст: он рӯз ҳарорати ҳаво +53,9°С-ро ташкил дод.
День 16 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Парвози Терешкова ба кайҳон ва зодрӯзи Аскаралӣ Раҷабов: 16 июн дар таърих
Соли 1948 дар Донишгоҳи Манчестер аввалин барномаи компютерӣ санҷида шуд.
Соли 1970 Бразилия маротибаи сеюм чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Бразилиягиҳо дар мусобиқаи финалӣ дастаи Италияро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.
Соли 2003 дар натиҷаи таркиши қубури нафт дар Нигерия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 21 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ конфронси дурӯзаи "Анъана ва равандҳои демократия дар Тоҷикистон" ба кори худ оғоз намуд.
Соли 2012 масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.
Соли 2012 Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
День 15 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Зодрӯзи Саидмӯъмин Раҳимов ва Зулфия Атоева: 15 июн дар таърих
Соли 2013 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Соли 2014 бо иштироки Президент бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Он Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри "Аҳорун" номгузорӣ шуд.
Соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бузургтарин Маркази тиҷоратӣ — "Душанбе мол" ба истифода дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 июн

Рӯзи байналмилалии йога.
Рӯзи ҷаҳонии варзиши скейтбординг.
Дар Русия — Рӯзи кинологҳо.
Дар Дания ва Гренландия — Рӯзи миллӣ.

Рӯзи 21 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Соли 1902– рассом, корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Юсуф Рауфӣ.
Соли 1932– доктори илмҳои тибб, профессор Юсуф Исҳоқӣ.
Соли 1941– композитор Маҷнун Баротов.
Соли 1950 – журналист Дикаев Турко.
Лентаи хабарҳо
0