Сафири Русия дар Амрико ба Вашингтон баргашт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксАнатолий Антонов. Архивное фото.
Анатолий Антонов. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Анатолий Антонов пас аз се моҳи дар Русия мондан, ахиран ба Вашингтон баргашт
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Сафири Русия Анатолий Антонов пас аз тақрибан се моҳ дар Маскав рӯзи якшанбе ба Вашингтон баргашт.
Бар хабари манбеи ТАСС, тақрибан соати 18:00 - и рӯзи 21 июн Антонов бо мошини хизматӣ ба қаламрави сафорати Русия дар Вашингтон ворид шуд.
Чанд соат қабл аз ин, ӯ бо як парвози мунтазам тариқи ҳавопаймои "Аэрофлот" дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедӣ фурӯд омад ва дар он ҷо ӯро дипломатҳои Русия пешвоз гирифтанд.
Антонов дар бораи муносибати Русия бо Амрико гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
"Аз паси касе нохоҳем давид": Антонов аз муносибати Русия ва Амрико гуфт
Муносибатҳои Русияву Амрико пас аз як мусоҳибаи Ҷо Байден, ки Русияро барои дахолат ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳам намуда буд, боз ҳам сардтар шуд.
Сарвари Кохи Сафед ҳатто Владимир Путинро "қотил" номид.
Пас аз ин мусоҳиба, Русия сафирашро аз Вашингтон барои машварат бозхонд. Ҳамин тариқ Антонов аз 21 март то мобайнҳои моҳи ҷорӣ дар Русия монд ва сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан низ рӯзи 22 апрел барои машварат ба Вашингтон рафт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Женева нишасти Русияву Амрико баргузор шуд.
Рукопожатие президента России Владимира Путина и президента США Джо Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Аввалин дастфишории Путин ва Байден пас аз 10 сол - навор
Ташаббусгари доир шудани ин дидор Ҷо Байден буд. Пас аз мулоқот, Путин ва Байден дар бораи бозгашти сафирон ба мувофиқа расиданд. Онҳо инчунин вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои суботи стратегӣ, инчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус ва ҳалли низоъҳои минтақавиро баррасӣ карданд.
Феълан маълум нест, ки сафири Амрико дар Русия, Ҷон Салливан кай бармегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала