Талаби Рустами Эмомалӣ: назорати риояи қонуни танзим аз ҷониби мансабдорон пурзӯр шавад

© Sputnik / Амир ИсаевМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Дар ин самт чораҳои пешгирикунанда ба таври самаранок роҳандозӣ карда хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон талаб кардааст, ки риояи қонуни танзим аз ҷониби мансабдорон пурзӯр карда шавад.
Имрӯз, 21 июн дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Сумангул Тагаева министр труда и занятости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Тағйирот дар Қонуни танзим: дар ҳолатҳои фавқулода маҳдудиятҳо бештар мешаванд
Дар ин ҷаласа раиси Маҷлиси миллӣ аз прокурори генералии Тоҷикистон талаб кардааст, ки назорати риояи қонуни танзим пурзӯр карда шавад.
"Раиси маҷлис диққати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таъмини назорати риояи қатъии қонунгузорӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷалб кард", - менависад котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон зери 5 қонун имзо гузошт
Қайд карда мешавад, ки бахусус ба назорати риояи ин қонун аз ҷониби мансабдорон таъкид карда шуд.
Рустами Эмормалӣ ба Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон дастур додааст, ки дар ин самт чораҳои пешгирикунандаро ба таври самаранок роҳандозӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала