Шеърхонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон - видео

Обуна шудан
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар арафаи 80-умин солгарди оғози ҶБВ барои поси хотири қурбониёну таблиғи ватандӯстӣ бо забонҳои модарии худ шеърҳо хонданд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти хештеги #BOB80 маърака бахшида ба 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифтанд, ки ин ташаббусро дастгирӣ кунанд ва дар мавзӯъҳои ҳарбӣ бо забонҳои модарии худ шеърҳо қироат кунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сатрҳо аз шеъри Ҳабиб Юсуфӣ таҳти унвони “Ман Ватанро беш ҳарвақта дорам дӯсттар” қироат кард.
Вазири хориҷии Русия, Сергей Лавров байтҳои Константин Симонов "Он рӯзи дарозтарини сол" -ро қироат кардааст. Шеърхониро вазирони умури хориҷии кишварҳои дигари ИДМ бо забони модарияшон идома додаанд.
"Имрӯз, шоирони халқӣ тавассути садои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба ҳамаи мо даҳшати ҷанг ва қаҳрамонии ҳомиён, хиёнати душман ва устувории гузаштагони мо, ғаму андӯҳи талафот ва ашки шодии Ғалабаро ёд меоранд! Мо дар ИДМ мероси сулҳоваронао ёдоварӣ ва қадр мекунем", - омадааст дар изҳороти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Лентаи хабарҳо
0