Варзишгарони тоҷик барои зӯрозмоӣ ба Исиқкӯли Қирғизистон мераванд

© Sputnik / В. Божуков / Гузаштан ба хазинаи аксОзеро Иссык-куль. Архивное фото.
Озеро Иссык-куль. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Дар моҳи июли соли 2021 дар Қирғизистон ҷашнвораи куштигирӣ баргузор мешавад, ки дар он 5000 варзишгар аз саросари ҷаҳон гирди ҳам меоянд.
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Варзишгарони Тоҷикистон дар ҷашнвораи куштӣ дар Исиқкӯл зери унвони "Марвориди Қирғизистон" ширкат хоҳанд кард, гузориш медиҳад радиои Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷашнвораи панҷуми байналмилалии мусобиқаҳо аз 5 то 11 июл дар деҳаи Чон-Сари-Ойи Иссиқкӯл аз рӯи даҳ намуди варзиш баргузор мешаванд.
Ба гуфтаи бунёдгузори ҷашнвораи варзишии "Марвориди Қирғизистон", Бекболсун Советбеков, имсол варзишгарон аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Украина, Беларус ва Чехия хоҳанд омад.
Бег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ба номи Косанов
Ба гуфтаи Советбеков, ҳадафи асосии чорабинӣ муттаҳид кардани федератсияҳо ва варзишгарон барои баргузории мусобиқаҳои калонтар мебошад. Ташкилкунандагон қайд мекунанд, ки дар ҷашнвора тамоми чораҳои бехатарӣ дар шароити пандемия риоя карда мешаванд.
"Мо ҳамаи варзишгаронро муваззаф кардем, ки шаҳодатномаи озмоиши ПСР барои COVID-19 - ро ҳангоми парвоз аз кишвари худ ва як рӯз пеш аз ҷашнвора пешниҳод кунанд", - иттилоъ доданд дар Кумитаи тадорукот.
Маврид ба зикр аст, ки ҷашнвораи "Марвориди Қирғизистон" бори аввал соли 2016 аз рӯи се намуди варзиш баргузор шуда, минбаъд ба анъана табдил ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала