Парлумон пешниҳод кард, ки андоз аз даромади сарватмандон то 35% зиёд карда шавад

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Дар Русия мехоҳанд андоз аз даромади сарватмандонро зиёд кунанд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Роҳбари Кумитаи молиявии Думаи давлатӣ Анатолий Аксаков пешниҳод кард, ки сатҳи андоз аз даромади шахсони доро ба 35% расонида шавад.

"Баъдан, бояд ҷадвали зина ба зинаи андозбандӣ тартиб дода шавад. Дар Амрико андоз аз даромад бо назардошти меъёрҳои федералӣ ва минтақавӣ ба 50% мерасад. Ба фикри ман, ба мо то 50% расонидан лозим нест, аммо агар мо онро ба 35% расонем, комилан муқаррарист", - гуфт вакил дар суҳбат бо Ura.ru.

Ба гуфти Аксаков, ин ба давлат имкон медиҳад, ки барои кумакҳои унвонӣ ба ниёзмандон маблағи бештар ҷудо кунад.
"Ман тасаввур карда наметавонам, онҳое, ки миллион доллар ва бештар пул мегиранд, ин маблағҳоро чӣ гуна масраф мекунанд. Ин маблағе ҳаст, ки метавонад ба бисёриҳо кумак кунад", - хулоса кард Аксаков.
Портфель с документами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2020
Номаи бози миллионерҳо ба мақомдорон: андози моро ба хотири кумак ба мардум бештар кунед
Дар Русия аз имсол қонун дар бораи зиёд кардани андози даромади шахсони сарватманди Русия ба иҷро даромад. Даромаде, ки зиёда аз панҷ миллион рубл дар як сол аст, бо меъёри 15 дарсадӣ андозбандӣ мешавад, на 13%.
Идеяи бекор кардани андозбандии ҳамвор ба Владимир Путин тааллуқ дорад. Ин тадбир ба даромади даврӣ (аз ҷумла музди меҳнат ва дивидендҳо), дахл дошта, аммо ба даромад аз фурӯши амволи шахсӣ (ба истиснои коғазҳои қиматнок) ва пардохтҳо аз рӯи шартномаҳои суғурта ва нафақа дахл надорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала