Аз ноҳияи Ашт 400 тонна меваи тар ба Русия ва Қазоқистон содир гардид

Яблоки на дереве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Дар давоми шаш моҳ аз ноҳияи Ашт ба Қазоқистон ва Русия наздики 400 тонна мева содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Аз моҳи январ то нимаи моҳи июни соли равон, кишоварзони ноҳияи Ашт ба Русия ва Қазоқистон 392,5 тонна мева содир кардаанд.
Дар ин бора Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт ба рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" иттилоъ додааст.

"Аз ин миқдор меваи содиротгашта, 295,8 тонна зардолу, 67,9 тонна гелос, 10 тонна себ, 1,3 тонна шафтолу ва 17,5 тонна олу мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Ба иттилои манбаъ ҳамзамон, ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар низ тоҷирон меваҳои тарро интиқол дода истодаанд.
Фрукты и овощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2019
Коҳиши содироти мева, намак ва алюминий аз Тоҷикистон
Ҳамакнун содироти зардолуи пешпазаки ноҳия ба итмом расида, ҳоло вақти ба бозор баровардани меваи гелос фаро расидааст.
Гуфта мешавад, ки дар 9 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ дарахти гелосро парвариш мекунанд.
Манбаъ афзуда, ки ин намуди мева дар ноҳияи Ашт хеле зиёд буда, содироти гелос то охири моҳи июн идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала