“Императори Балх” баргашт: Ато Муҳаммади Нур вориди Балх шуд

© Маркази матбуотии Ато Муҳаммади Нур Ато Муҳаммади Нур вориди Балх шуд
Ато Муҳаммади Нур вориди Балх шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, вориди майдони ҳавоии шаҳри Мазори Шариф шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҳоҷӣ Шафеъ, яке аз фармондеҳони Ҷамъияти исломии тобеи Ато Муҳаммади Нур, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тайёраи ӯ ҳаволии соати 18 ба вақти Кобул (18.30 ба вақти Душанбе) дар майдони ҳавоии шаҳри Мазори Шариф нишаст кард.
“Ба истиқболи ҷаноби Устод Ато теъдоди бузурге аз мардум ва бузургони Балх ба майдони ҳавоӣ омаданд. Як мулоқот ва муроҷиати кутоҳе ҳам ба ҳозир карда, озими қароргоҳи худ шуданд”, - гуфт Ҳоҷӣ Шафеъ.
Бино ба гузоришҳои дарёфтӣ, Ато Муҳаммади Нур тақрибан ду ҳафтаи қабл ба далели маризӣ озими Дубай шуда, дар яке аз шифохонаҳои он ба тадовӣ машғул буд.
Аммо ба иллати вахим шудани вазъият ӯ маҷбур ба қатъи тадовӣ ва озими Афғонистон шуд. Ӯ ҳаволии зуҳри имрӯз, 22 июн, ба Кобул омада, бо аъзои Ҷамъияти исломии Афғонистон ҷаласа барпо кард ва сипас ба Мазори Шариф омад.
© Маркази матбуотии Ато Мухаммади НурАто Муҳаммади Нур вориди Балх шуд
Ато Муҳаммади Нур вориди Балх шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Ато Муҳаммади Нур вориди Балх шуд
Дар ҳамин ҳол, Ато Муҳаммади Нур дар ҳоле вориди Мазори Шариф мешавад, ки дар пайи охирин ҳамлаҳои Толибон аз 15 шаш вулусволии вилояти Балх суқут кардаанд, аммо талоши онҳо барои ворид шудан ба маркази вилоят ноком мондааст.
Ато Муҳаммади Нур, мулаққаб ба “Императори Балх”, аз қавитарин чеҳраҳои Шимоли Афғонистон аст, ки қудрати комил бар вилояти Балх ва қисман дигар вилоятҳои ҳамҷавори он аз Форёб то Тахор дорад.
КДАМ дар бораи ҳамлаи "Толибон" ва фирори беш аз 100 низомии афғон ба Тоҷикистон
Манобеи гуногун нерӯи низомии ӯро бештар аз 70 ҳазор нафар ҳисоб мекунанд, ки ағлаб ба Урдуи миллӣ ва пулиси миллии Афғонистон мулҳақ шудаанд.
Худи Ато Муҳаммади Нур аз соли 2002 ба 2017 волии Балх буд, аммо пас аз канор рафтанаш низ дар ин мақом ҳукумати марказии Афғонистон афроди вобастаи ӯро таъйин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0