БОР ва Тоҷикистон Созишномаи грантӣ барои хариди ваксина ба имзо расониданд

© PixabayДеньги с защитной маской
Деньги с защитной маской - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Тибқи лоиҳаи Бунёди Осиё ва Уқёнуси Ором барои дастрасии ваксина, Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон 25 миллион доллар грант хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, созишномаи нави грантӣ ба имзо расид, ки ҳадафи он дар пандемия дастгирии ҷумҳурӣ мебошад, хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.
Созишномаи лоиҳаи Бунёди Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба дастрасӣ ба ваксинаҳо (APVAX) -и БОР барои дастгирии зуд ва баробарҳуқуқ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар харид ва таҳвили ваксинаҳои муассир ва бехатар алайҳи COVID-19 омода шудааст.
"Арзиши умумии лоиҳа 26,8 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, 25 миллион доллар грантҳои БОР ва 1,8 миллион саҳми Тоҷикистон мебошад", - гуфт дафтари матбуоти Вазорати молия.
Лоиҳа имсол оғоз ёфт ва ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2023 ба анҷом расад.
Дар доираи лоиҳа хариди 3,4 миллион дозаи ваксинаи COVID-19, дар якҷоягӣ бо контейнерҳо ва сӯзандоруи заруриро пешбинӣ шудааст.
Он инчунин хариди дигар таҷҳизоти тиббиро, ки ба татбиқи ҳама тадбирҳои зарурӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ мекунад.
Жители Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Фаврӣ: дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аллакай 192 ҳазор дона ваксинаи аврупоии "AstraZeneca", ки дар Ҳиндустон истеҳсол шудааст, гирифтааст ва 300 ҳазор ваксина аз Чин "CoronaVas" ба ҷумҳурӣ оварда шудааст.
Ғайр аз ин, гуфтушунидҳо дар бораи интиқоли доруи русии "Спутник" ба кишвар идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала