Боздошти корманди идораи зиндонҳо барои қаллобӣ дар Суғд

© Sputnik / Владимир ПесняСотрудник правоохранительных органов
Сотрудник правоохранительных органов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти корманди идораи зиндонҳо дар вилояти Суғд хабар дод
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, нозири калони Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии мақомоти адлия дар вилояти Суғд даст ба қаллобӣ задааст.
Манбаъ такид кард, ки муттаҳам бо истифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ қасди тасарруфи моли мулки ғайрро доштааст.
"Номбурда барои чораандешӣ накардан нисбати маҳкумшуда “А”, ки истеҳсолоти парвандаи назоратиаш ба зиммаи ӯ вогузор гардида, муҳлати иҷрои он ҳанӯз моҳи майи соли 2020 гузаштааст, моҳи декабри соли 2020 хешованди маҳкумшуда шаҳрванд “Б”-ро ба утоқии кориаш даъват намуда, маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст", - омадааст дар иттилоияи Ожонс.
Абдулмаҷид Ризоев - ҳимоятгар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Шеъре аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳуқуқшиносро ба кунҷи зиндон бурд: вакили дифоъ розӣ нест
Ин ниҳод афзуд, ки нозири калон бо мақсади амалӣ кардани нақшаи ҷиноятии худ бо шаҳрванд “Б” вохӯрда, аз охирон маблағи 1500 сомонӣ гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб кардааст.
Нозири калон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 3500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Ожонси зидди фасод мегӯяд, нисбати муттаҳам парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала