Диҷейҳои аврупоӣ мухлисонашонро дар Душанбе ба рақс дароварданд - видео

Дар Душанбе дар доираи "Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ" консерт баргузор шуд
Ташкилкунандагони ҷашнвораи мусиқии электронӣ маркази фарҳангии "Бохтар", сафоратхонаҳои Фаронса ва Олмон буданд.
Консерт дар Майдони 800-солагии Маскав, дар шафати Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, сурат гирифт.
Дар консерти мусиқии электронӣ диҷейҳо аз Аврупо ширкат карданд.
Ҳунарманди фаронсавӣ Aubry ва диҷейи олмонӣ Me&Mo меҳмонони махсуси консерт буданд. Аз навор дида мешавад, чӣ гуна диҷейҳои аврупоӣ мухлисони душанбегиашонро ба рақс дароварданд.
Юлдуз Усмонова бо суруди тоҷикӣ мухлисонашро дар Душанбе ба по хезонд - видео
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ беҳтарин диҷейҳои Тоҷикистон - Prooftj, Фирдавс Исоев ва Dj Jova ҳунарнамоӣ карданд.
"Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ" аз соли 2003 ба ин сӯ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳадафи он табодули фарҳангӣ, наздикшавӣ ва ғанигардонии фарҳангҳои гуногун мебошад.
Бори аввал фестивал бо ибтикори вазири фарҳанги Фаронса соли 1982 дар Порис баргузор шуд ва дар тӯли таърихи сисолаи худ ин ҷашнвора дар соҳаи мусиқӣ ба як рӯйдоди ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала