Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Эълони теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМиристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 22 июн хабар дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 32 нафар расидааст. То 20 - уми июн мақомоти тандурустӣ ҷой доштани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ рад мекарданд.
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / новости таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Навори лаҳзаи эълони бурузи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон: сабабашро гуфтанд
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала