Ғанӣ раисҷумҳури нави Эронро шодбош гуфт

© AFP 2021 / ATTA KENAREПрезидент Ирана Эбрагим Раиси
Президент Ирана Эбрагим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамтои эрониашро шодбош гуфта буд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳурии мунтахаби мардуми Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ пирӯзии вайро дар интихобот табрик гуфт ва барои вай орзуи муваффақият кард.
Ашраф Ғанӣ дар гуфтугӯи телефонии шаби гузашта бо Сайид Иброҳими Раисӣ таъкид кардааст.
"Афғонистон ва Эрон ду кишвари ҳамсоя ва бародар ҳастанд ва изҳори умедворӣ мекунем бо интихоби ҷаноби олӣ ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон боиси густариши бештари муносибот ва ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф миёни ду кишвар шавад", - менависад "Парс тудей" аз қавли Ғанӣ.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои навашро табрик кард
Дар ин гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон низ бар густариши равобит ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард.
Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи ҷумъа баргузор шуд ва "Сайид Иброҳими Раисӣ " бо касби 17 миллиону 926 ҳазору 345 ба унвони сездаҳумин раиси ҷумҳурии Эрон интихоб шуд.
То кунун шумори зиёде аз раҳбарони ҷаҳон бо ирсоли паём, пирӯзии Саид Иброҳими Раисиро табрик гуфтанд. Аз ҷумла пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамтои эрониашро шодбош гуфта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала