Бархӯрди маргбор: ҳалокати нолобиғ ва ҷароҳати ду наврас дар садама

© SputnikМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Дар паи садамаи нақлиётӣ дар вилояти Хатлон як ноболиғ ҷон бохту ду навраси дигар ҷароҳатдор шуданд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бархӯрди худрав боиси ҳалокати як ноболиғ ва ҷароҳатдор шудани дуи дигар гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Садамаи маргбор: ҳалокати Абдураҳмони 3-сола зери чархи “Портер”- и Ҷуманазар
Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳодисаи нохуш рӯзи 21-уми июн, тахминан соати 03:40-дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 22-солаи "Опел-Астра", Д.Д.Н, ки сокини ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷ.Балхӣ будааст, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Лоҳутӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Ронанда аз роҳ баромада ба дарахти бед бархӯрдааст.

"Дар натиҷа мусофир, ноболиғи 17 -солаи ҷамоати деҳоти Фрунзе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигар, ноболиғони 17 -сола ва 12-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала