Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

“Хеле кам”: чанд кас дар Тоҷикистон аз COVID-19 масунанд?

© Министерство связи и информации Венесуэлы / Гузариш ба медиабонкВакцинация от российской вакцины "Спутник V"
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, онҳое, ки ду вояи ваксинаи COVID-19-ро гирифтаанд, масунияти пурра ҳосил кардаанд, аммо теъдоди онҳо дар кишвар кам аст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол фақат 16 ҳазору 38 нафар тавонистаанд аз ду марҳалаи ваксинзанӣ гузаранд.

“Ин афрод масунияти пурра ҳосил карда, аз гирифторӣ ба COVID-19 дар амонанд. Бо гирифтани ваксинаҳо подтан (антитела)-ҳо пурра ва ҷисми одам қавӣ мешавад. Аз ин хотир, ҳама бояд талош кунанд, ки ҳар чӣ зуд ваксина гиранд”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Қаблан дар марокизи саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон аз камтаваҷҷӯҳии сокинон ба ваксинагирӣ изҳори ташвиш карда буданд. Аммо пас аз афзоиши гуфтугузорҳо дар бораи хуруҷи дигарбораи “вируси корона” теъдоди довталабони гирифтани ваксина низ афзудааст.
Жители Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Фаврӣ: дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Ба гунаи мисол, тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, агар аз 22 март то 16 июни соли равон 106 ҳазору 628 нафар ваксина гирифта бошанд, 21 июн теъдоди ин афрод ба беш аз 124 ҳазор нафар ё ҳудуди 18 ҳазор нафар зиёдтар дар қиёс бо 5 рӯзи пеш расидааст.
“Ваксина ду бор гирифта мешавад. Фосилаи миёни мавриди аввал ва дуввум беш аз як моҳ аст”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ваксиназанӣ дар Тоҷикистон 22 марти соли равон дар пайи як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати кишвар шуруъ шуда буд.
Бино ба ин қарор, дар навбати аввал қишрҳои осебпазири ҷомеа, назири кормандони соҳаи тиб, маориф, афроди аз 60 - сола боло, кормандони ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ва дигарон бояд ваксина гиранд.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон барои хариди ваксина бар зидди корона кумак мекунад
Тоҷикистон ҳанӯз моҳи март 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca - и сохти Аврупоро бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ аз Ҳиндустон ворид карда буд.
20 июн ҳудуди 300 ҳазор воя ваксинаи чинии "CoronaVac" низ ба кишвар ворид шуд. Ваксинаи дигаре, ки Тоҷикистон интизориашро мекашад, "Спутник V" - и сохти Русия аст, ки гуфтугузораш ҳудуди ду моҳ ба ин сӯ идома дорад, аммо ҳанӯз дастрас нашудааст.
“Русия ба мо 150 ҳазор вояи ин навъи ваксинаро ваъда кардааст, ки ҳамчун кӯмаки башарӣ дар ихтиёри мо бигзорад. Тамоми ҳуҷҷатгузориҳо ниҳоӣ шудаанд, фақат бояд ваксина интиқол ёбад. Эҳтимолан ба ин далел ки муштариёни ин ваксина дар ҷаҳон зиёданд ва ҳам худи кишвар имрӯзҳо бештар аз пештара ба он ниёз дорад, дар қисмати истеҳсолот ва тақсимот каме таъхир пеш омадааст”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон дар феҳрасти гирандагони 2 миллиард доллар барои ваксина
Расман теъдоди онҳое, ки дар Тоҷикистон бо эмгузаронии ваксинаи COVID-19 фаро гирифта шаванд, беш аз 6,5 миллион нафар ҳисоб шудааст ва ин кишвар бояд ҳудуди 13 миллион воя ба даст орад.
Аз ин шумора 632 ҳазор вояро Юнисеф, 300 ҳазорро Чин ва 150 ҳазори дигарро Русия маҷҷонӣ дастрас хоҳанд кард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бо дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ низ дар ин маврид гуфтугӯҳоеро анҷом додааст.
Лентаи хабарҳо
0