Хориҷиёнро дар Русия ваксини "Спутник Лайт" мезананд

© Пресс-служба НИИ эпидемиологии и микробиологии им. Н.Ф. Гамалеи / Гузаштан ба хазинаи акс"Спутник Лайт" вакцина от коронавируса
Спутник Лайт вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко гуфт, хориҷиёне, ки вориди Русия мешаванд, бо кадом ваксин эм хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар назар аст, ки хориҷиёнро дар Русия бо ваксини "Спутник Лайт" эм кунанд, хабар дод вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко.
"Қисме аз ваксини "Спутник Лайт"- ро мо барои хориҷиён масраф мекунем, Спутник V" бошад, феълан пурра ба шаҳрвандони Русия равона карда шудааст", - гуфт вазир.
Вай афзуд, ки донишҷӯён пеш аз оғози соли таҳсил бояд ҳатман ваксин гиранд.
Вакцинация от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ гуфт, кадом ваксинаҳо зидди штамми ҳиндии коронавирус муассиранд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 июн дар ҷаласаи пленуми Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат супориш дод, ки масъалаи ташкили ваксингузаронии пулакӣ алайҳи COVID-19 дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ дида баромада шавад.
Мақомоти кишвар бояд масъаларо то охири моҳи июн ҳал кунанд.
Эмкунии сартосарии зидди коронавирус дар Русия дар миёнаи моҳи январ оғоз ёфт. Айни замон, дар кишвар чор ваксини коронавирус ба қайд гирифта шудааст:"Спутник V", "Спутник Лайт", "ЭпиВакКорона" ва "КовиВак".
Ваксинзанӣ хатарзо аст? Посухи табиби тоҷик
"Спутник Лайт"дар маркази Гамалея таҳия шудааст. Ваксина ба компоненти якуми "Спутник V" монанд аст.
Ба гуфтаи Павел Волчков, раҳбари озмоишгоҳи муҳандисии геномии Институти физикиву механикии Маскав, "Спутник Лайт" ваксинаи муассир аст, ки таъсири манфии камтарин дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала