Имрон Хон: ҷанги амрикоиҳо дар Афғонистон ба Покистон даҳҳо миллиард доллар зарар овард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкИмран Хан, примьер министр Пакистана
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Нахуствазири Покистон, ҳузури низомии 20-солаи Амрико дар Афғонистонро омили густариши терроризм донист
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Имрон Хон нахуствазири Покистон, дар мақолае дар рӯзномаи “The Washington Рost” бар нокомии Амрико дар Афғонистон пас аз 20 соли ҳузур дар ин кишвар гуфт, ки ҷанги амрикоиҳо даҳҳо миллиард доллар ба Покистон хисорат ворид кард.
Имрон Хон бори дигар бар мавзеи Исломобод мабнӣ бар мухолифат бо ҳаргуна ироаи пойгоҳ ба Вашингтон дар хоки Покистон ва ё мушорикат дар ҳар гуна иқдоми низомии дигари марбут ба Афғонистон таъкид кард.
Вай афзуд, Покистон аз иқдоми низомии Амрико дар Афғонистон бисёр ранҷ бурда ва беш аз 70 ҳазор шаҳрвандро талаф доду 150 миллиард доллар зарар дид.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2020
Нахуствазири Покистон аз ИМА хост, таҳримҳо алайҳи Эронро лағв кунад
Нахуствазири Покистон ҳамзамон қайд кардааст, амрикоиҳо, ки дорои қудратмандтарин мошини низомии торих ҳастанд, натавонистанд дар 20 - соли гузашта дар ҷанги Афғонистон пирӯз шаванд.

“Бинобар ин чӣ гуна онон бо дарёфти пойгоҳ дар хоки мо метавонанд ин нокомиро ҷуброн кунанд”, - гуфт Имрон Хон.

Бояд қайд кард, ки нирӯҳои амрикоӣ то 11 сентябри соли 2021 бояд аз хоки Афғонистон берун шаванд.
Бист сол пеш ҷангиёни Ал–Қоида дар ИМА ҳамлаҳои пурқурбонии террористӣ анҷом додаанд ва баъди ин амрикоиҳову нирӯҳои эътилофӣ вориди Афғонистон шуда, ҳукумати Толибонро суқут доданд.
Нигаронии асосӣ дар он аст, ки баъд аз берун овардани нерӯҳои НАТО ва ИМА аз Афғонистон, Толибон метавонанд ҳукуматро дубора ба дасти худ гиранд ва ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул ва ҳам нирӯҳои амниятии ин кишварро аз байн бубаранд.
Лентаи хабарҳо
0