КДАМ дар бораи ҳамлаи "Толибон" ва фирори беш аз 100 низомии афғон ба Тоҷикистон

© котиботи КДАМ ТоҷикистонНизомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
КДАМ Тоҷикистон аз паноҳҷӯии низомиёни Афғонистон дар Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Бино ба гузориши КДАМ, ҳодиса рӯзи душанбе, 21 июн, соати 19:00 рух додааст. Гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба Комиссариати сарҳадии "Шерхон-Бандар"-и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд, омадааст дар изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар изҳороти КДАМ гуфта мешавад, ки дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и рӯзи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС "Панҷ" сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд.
© котиботи КДАМ ТоҷикистонНизомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд
КДАМ мегӯяд, сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд.

"Дар миёни ҳарбиёни ҶИА 4 нафар маҷрӯҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дорад", - омадааст дар хабарнома.

КДАМ меафзояд, ки вазъият дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи мазкур мураккаб арзёбӣ гардида, теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбии афғон, ки аз дасти "Толибон" дар Шерхон-Бандар захмиву кушта ё асир афтодаанд, то 100 нафарро ташкил медиҳад.
Полицейские стоят на страже возле Кабульского университета, архифное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Ҳалокати 20 маъмури амниятии Афғонистон дар ҷангҳо бо Толибон
Тибқи маълумоти тасдиқшуда, даҳ рӯзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати "Толибон" идома дорад.
Манбаъ афзуда, ки дар натиҷа вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – “Шерхон Бандар” ва “Кокул” ба дасти "Толибон" гузаштаанд.
* Толибон ( ҳаракати мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон)
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала