Комсомолобод дигар нест: тағйири номҳо дар Нуробод

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Маъракаи номивазкунии воҳидҳои маъмурию маҳаллаҳои аҳолинишин, ки феълан дар Тоҷикистон идома дорад, дар ноҳияи Нуробод низ амалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Тибқи қарори Маҷлиси миллӣ, ки Рустами Эмомалӣ ахиран имзо кард, номи як ҷамоату ду деҳа дар ноҳияи Нуробод иваз гардиданд.
Бар асоси ин қарор, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ қабул гардид, ҷамоати деҳоти Комсомолобод ба деҳоти Меҳробод иваз гардид.
Номи деҳаи Комсомолободи деҳоти Комсомолобод ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Меҳробод иваз карда шуд, омадааст дар қарор.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Қарори Маҷлиси миллӣ барои тағйири ҷойномҳо дар Суғд ва ноҳияҳои Нурободу Сангвор
Инчунин деҳаи Қумоқи деҳоти Ҳакимӣ номи деҳаи Хумроғи деҳоти Ҳакимиро гирифт.
Пешниҳодҳо дар мавриди иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вориди парлумон шудаанд.
Маъракаи номивазкунӣ то ҳол дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, номи маҳаллаҳо, ҷамоатҳо ва қуллаҳо ба шеваи миллӣ баргардон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала