Коронавирус ҳуҷайраҳои баданро тағйир медиҳад?

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных COVID-19 в больнице
Лечение больных COVID-19 в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Намуди нави коронавирус метавонад ҳуҷайраҳои узвҳои гуногуни бадани инсонро — аз шушҳо то рагҳои хунгузар сироят кунад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Омӯзиши намунаҳои хуни зиёда аз 50 нафар нишон дод, ки андоза ва сахтии ҳуҷайраҳои сурх ва сафеди хун (эритроситҳо) дар вуҷуди беморони COVID-19 метавонад тағйир ёбад.
Намуди нави коронавирус метавонад ҳуҷайраҳои узвҳои гуногуни бадани инсонро — аз шушҳо то рагҳои хунгузар сироят кунад. Олимон ҳанӯз пурра дарк накардаанд, ки шифоёбиро аз COVID-19 маҳз кадом пайомадҳо ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Аз ҷумла, далелҳое мавҷуданд, ки пас аз сироятёбӣ бо коронавирус ва ё ҳатто эмгузаронӣ лахташавии хун дар рагҳои варидӣ метавонад пайдо шавад.
Вакцинация от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ гуфт, кадом ваксинаҳо зидди штамми ҳиндии коронавирус муассиранд
Табибони олмонӣ боз як таъсири дигари иловагии онро ошкор карданд, ки эҳтимол бо COVID-19 вобаста бошад.
Онҳо намунаҳои хуни 55 нафарро — 17 нафар бемор бо вазнинии дараҷаҳои гуногун, 14 нафаре, ки аз COVID-19 шифо ёфтанд ва 24 нафар одамони солимро, маҷмӯъан зиёда аз 4 миллион ҳуҷайраҳои хунро таҳқиқ кардаанд.
"Маълум шудааст, ки дар вуҷуди касоне, ки бемориро аз сар гузаронидаанд ва ё ҳоло гирифтори COVID-19 мебошанд, лимфоситҳо нисбат ба иштирокчиёни солими таҷриба хеле мулоимтар мебошанд", - менависад "Ховар" дар истинод ба натиҷаҳои таҳқиқоте, ки Biofhysical Journal нашр кардааст.
Маълум шуд, ки чӣ гуна Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе баргузор мешавад
Бинобар ин, аз ҷумла онҳо ба осонӣ тағйири шакл намудаанд. Дигар ҳуҷайраҳои хун моноситҳо — дар гурӯҳи аввал ҳаҷми онҳо зиёд шудааст. Чунин тағйирот, ба гуфтаи олимон, метавонад гардиши хунро мушкил гардонад ва ба гипоксемия — кам шудани оксиген дар хун мусоидат кунад.
Илова бар ин, муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки аз рӯи чунин хусусиятҳои ҳуҷайраҳои хун, ошкор намудани сирояти коронавирус ва баъзе уфунатҳои дигар имконпазир хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала