Вокуниши Кремл ба шикаст ва хурӯҷи тими Русия аз Ҷоми Аврупо - 2020

© Sputnik / Владимир ПесняФутбол. ЧМ-2018. Матч Испания - Россия
Футбол. ЧМ-2018. Матч Испания - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия бохти тими миллиро дар Ҷоми Аврупо мавзуе барои баррасӣ намедонад
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Кремл барои баррасии бозии футболбозони Русия дар Ҷоми Аврупо ягон далеле намебинад, дастаи моро дар ҳар сурат дӯст медоранд ва дастгирӣ мекунанд, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба РИА Новости.

"Дар варзиш, як kpi - и оддӣ ва фаҳмо аст: ё бурд мекунед ё шикаст мехӯред", - гуфт Песков дар посух ба арзёбии бозии тими мунтахаби Русия ва эҳтимоли тағйироти кадрӣ дар кадрӣ дар ин ниҳод.

Дастаи миллии Дания 21 июн дар Копенгаген тими Русияро бо ҳисоби калон, 4: 1 мағлуб кард ва ба плей-оффи Ҷоми Аврупо - 2020 роҳ ёфт.
Криштиану Роналду празднует второй забитый гол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Гиряву хандаи футболбозон: 16 акси ҷолиб аз Ҷоми Аврупо - 2020
Русиягиҳо натавонистанд ба марҳилаи навбатии мусобиқа роҳ ёбанд.
Муҳофиз Роналдуро нашинохт ва ҳуҷҷат талаб кард - видео
Охирин бор ин даста соли 2008 дар Ҷоми Аврупо аз гурӯҳ баромада буд ва дар даври ниманиҳоӣ аз қаҳрамони мусобиқот - испаниҳо мағлуб гашт.
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод
Солҳои 2012 ва 2016 футболбозони Русия дар сабқати гурӯҳӣ аз мусобиқа хориҷ карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0