Миллионери тоҷик ба вазир чӣ пешниҳод кард? дидори Амонзода бо Давлатов

© Минтруд РТШирин Амонзода и Саидмурод Давлатов
Ширин Амонзода и Саидмурод Давлатов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Саидмурод Давлатов, соҳибкори тоҷик бо вазири меҳнат Ширин Амонзода роҳҳои тайёр кардани кадрҳои мутобиқ ба бозори меҳнати байналмилалӣ, роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба тиҷорат ва муҳайё намудани заминаҳои ҷойҳои кориро баррасӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ахиран Ширин Амонзода Вазири меҳнати Тоҷикистон бо соҳибкори шинохта ва машваратчии соҳаи тиҷорату иқтисод Саидмурод Давлатов мулоқот анҷом додааст.
“Зимни мулоқот, тарафҳо масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ, махсусан омӯзгорон аз хориҷи кишвар ҷиҳати роҳандозии фаъолияти мактаби Оксфорд дар шаҳри Хуҷанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Саидмурод Давлатов, соҳибкор ҳангоми муаррифии нақшаҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Саидмурод Давлатов мактаби Оксфорд месозад: роҳбарон диданд
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқот масъалаи тайёр кардани кадрҳои мутобиқ ба бозори меҳнати байналмилалӣ, роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба тиҷорат ва муҳайё намудани заминаҳои ҷойҳои корӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Соҳибкори тоҷик зимни дидор бо вазир қайд кардааст, ки рушд ёфани соҳибкорӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ сабаб гардида, барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи асосиро фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала