Мусалмонони Маскавро ба намози Иди Қурбон роҳ намедиҳанд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Курбан-байрама в Москве
Празднование Курбан-байрама в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Эҳтимол меравад, ки дар робита бо вазъи паҳншавии бемории коронавирус Иди Қурбон дар шакли онлайн баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар Маскав намози иди Қурбон бе ҳузури ибодаткунандагон баргуз мешавад, хабар додааст Шӯрои улумои Раёсати Мусалмонони Русия.
Ин қарор дар робита ба таҳдиди паҳншавии коронавируси навъи нав қабул шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар вилояти назди Маскав таҷлили Иди Қурбон дар шакли анъанавӣ баргузор мешавад. Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки дар формати онлайн баргузор шавад.
Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Абдулқодирзода гуфт, имсол рафтан ба Ҳаҷ фарз нест
"Бо дарназардошти вазъи феълӣ ва ҳамчунин тавсияи ҳукумати Маскав, феълан мо ба нақша гирифтаем, ки намози ид дар шакли онлайн баргузор карда шавад", - гуфтааст муфти Маскав Илдар Аляутдинов.
Иди Қурбон - яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.
Иди Қурбонро ба сабаби ҳодисаи таърихии қурбонӣ шудани Исмоил дар он айём ва ба хотири қурбоние, ки ҳоҷиён ҳамасола дар он рӯз дар Мино ва мардуми мусалмони тавонгар дар манзилҳояшон барои итъоми дармондагон ва икроми мардуми идгузор анҷом медиҳанд, ба ин ном номидаанд ва он ҳамон иди Азҳо дар забони арабӣ мебошад.
Оҷил: тӯю маъракаҳо манъ, масҷидҳо баста мешаванд? – қарори Ситод
Иди Қурбон маъмулан се рӯз – рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки ба онҳо айёми наҳр – забҳ ва қурбонӣ гӯянд, вале бар асоси таълимоти ислом дар бораи ҳаҷ, айёми иди Қурбон рӯзи пеш аз наҳр, ки рӯзи арафа аст ва рӯзи 13-уми он моҳро низ дар бар мегирад ва дар умум панҷ рӯзро ташкил медиҳад ва ба онҳо рӯзҳои иду арафа ва айёми ташриқ гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала