Навори лаҳзаи эълони бурузи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон: сабабашро гуфтанд

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон расман эълон карданд, ки коронавирус дубора ба кишвар баргашт
Дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дирӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар ҷаласае дар ин бора хабар дод.
Фаврӣ: дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Навори лаҳзаи эълони бурузи коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.
Вобаста ба ин, аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0