Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Оҷил: тӯю маъракаҳо манъ, масҷидҳо баста мешаванд? – қарори Ситод

© Amir IsaevОткрытие мечетей в Таджикистане
Открытие мечетей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Кумитаи дини Тоҷикистон зимни ирсоли як барқияи телефонӣ тадобири марбут ба ҷашну маросим ва намозҳои дастаҷамъиро шарҳ додааст. Тӯю маъракаҳо манъ ва масҷидҳо ба шарти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баста намешаванд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар ин барқияи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт ва унвонии ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фиристода шудааст, бар зарурати иҷроиши супориши ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавирус аз 21 июни соли 2021 таъкид мешавад.
“Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми гузаронидани тӯйҳои домодию арусӣ бо шумораи маҳдуди иштирокчиён, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пешгирии таҷаммуъи шумораи зиёди одамон зимни баргузории маросими дафну азодорӣ, қабл аз баргузории маъракаю маросим ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандону масъулони тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои баргузории маъракаю маросим андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур мебошад”, - омадааст дар барқия.
Ситоди ҷумҳуриявӣ қатъан талаб кардааст, ки зимни баргузории ибодатҳои дастаҷамъона риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб, пайваста тамиз (дезинфексия) кардани бинои масҷид, пешгирии хондани намоз ё ибодат берун аз бинои масҷид, пешгирии танбашавӣ дар роҳҳои ҳамшафати масҷидҳо ва риояи дигар қоидаҳои беҳдоштӣ талаб карда мешавад.
Жители Душанбе на барахолке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Суоли рӯз: дар Тоҷикистон кадом навъи COVID-19 пайдо шудааст?
Дар ин робита Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аз комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақозо кардааст, ки корҳои назоратиро ба роҳ андозанд ва аз натиҷааш ҳар моҳ ба Кумита маълумот диҳанд.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи гузашта, 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала