Русия парвозҳоро бо Туркия барқарор кард

© Sputnik / Стас ЭтвешГраждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково
Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Барқарор шудани парвозҳоро бештар аз 1 миллион сайёҳи кишвар интизор буданд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Русия парвозҳоро бо Туркия барқарор кард, хабар медиҳад РИА Новости дар иситинод ба Ситоди фаврии мубориза бо коронавируси кишвар.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳам парвозҳои муқаррарӣ ва ҳам парвозҳои чартерӣ мувофиқи хатсайрҳое, ки пеш аз лағв шудани парвозҳо муайян карда шуда буданд, дубора ба роҳ монда мешаванд.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Талаботи нав барои вуруди тоҷикистониён ба Ӯзбекистон
Гуфта мешавад, дар Туркия аз 60 то 90 дарсади кормандони меҳмонхонаҳо ваксин гирифтаанд, назорати санитарии лаборатории доимӣ ба роҳ монда шудааст, низоми ниқоби тиббӣ риоя мешавад, дар фурудгоҳ ва меҳмонхонаҳои бузург ҳарорати баданро месанҷанд.
Ситод таъкид мекунад, ки барқароршавии парвозҳоро бештар аз 1 миллион сайёҳони Русия интизор буданд, ки пештар натавонистанд барои истироҳат ба Туркия сафар кунанд.
Аллакай билетҳое, ки бо нархи дастрас буданд, ба фурӯш рафтаанд.
Ёдрас мешавем, мобайнҳои моҳи апрел хабар дода шуд, ки Русия парвозҳоро бо Туркия маҳдуд мекунад. Далели ин иқдоми кишвар муташанниҷ шудани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия гуфта мешуд.
Ин маҳдудиятҳо нахуст то 1 июн арзёбӣ мегардиданд, аммо дертар тамдид шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала